Аз нишастҳои матбуотӣ

Мусоидати мақомоти прокуратура барои ба ҳолати аввала баргардонидани 6896 гектар қитъаи замин

№88 (3882) 19.07.2018

Пракуратура (1)- Мақомоти прокуратура дар нимсолаи аввали соли 2018 ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Диққати асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13 марти соли ҷорӣ баён дошта буданд, инчунин дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва қарори Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон додашуда равона гардид, — иброз дошт прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 17 июли соли 2018 дар нишасти матбуотӣ.

Прокурори генералӣ афзуд, ки бо мақсади муайян намудани вазъи иҷро ва риояи қонунҳо 3183 санҷиш гузаронида, 35104 қонунвайронкунӣ ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо чораҳо андешида шуд. Ба таъмини амнияти иқтисодӣ ва барқарор намудани зарарҳои молиявӣ диққати хоса зоҳир гардид. Бо дахолати прокуророн 348 миллион сомонӣ зарар барқарор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳолати зиёди муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор 120 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 65 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо вобаста ба риояи қонунгузории замин 1554 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда, 2383 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 716 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 6896 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 12 482 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 4008 адади онро мақомоти прокуратура ошкор намуд. Бо мақсади таъмини адолати судӣ прокуророн дар баррасии 8364 парвандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 308 эътироз оварда, ҷиҳати рӯёнидани товони зарар ба маблағи умумии 161,7 миллион сомонӣ ба судҳо 514 даъво пешниҳод карданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»