Аз нишастҳои матбуотӣ

Музаффар Ашӯриён: «Дар 52 санад омили бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардид»

№93 (4355) 15.07.2021

DSC_5071- Дар нимсолаи якуми соли 2021 фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва сохторҳои он, пеш аз ҳама, ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардида, ба он ва сохторҳои зертобеъ 27887 дархост вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 539 адад зиёд аст, — иброз дошт вазири адлия Ашӯриён Музаффар Қурбонмуҳаммад.

Аз суханронии ӯ, ҳамчунин, маълум гардид, ки аз 112 санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 40 санад ба қайд гирифта, бақайдгирии 66 санад, бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан, рад карда шуд ва шаш санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз шумораи зикршуда дар 52 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуд. Идораҳои нотариалии давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021-ум 294 188 амалиёти нотариалӣ гузарониданд.

Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ 225 ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардида, дар ҷумҳурӣ 80 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 16 филиал ва намояндагии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирии давлатӣ гузаштанд. Вазорат 54 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», рад намуд.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 215 613 санад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 807 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, сабти таваллуд 104 737 адад, сабти таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар — 22 871, сабти ақди никоҳ — 32 489, сабти бекоркунии ақди никоҳ — 6 476, сабти муқаррар кардани падарӣ — 18704, сабти фарзандхондӣ — 633 ва сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар 11 803 ададро ташкил намуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳуқуқшиносони давлатии ҳуқуқӣ, ки моделҳои №1.1, №1.2 ва №2 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро таҷриба мекунанд, ба 5 094 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расониданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»