Аз нишастҳои матбуотӣ

Музди миёнаи меҳнат 9 фоиз афзуд

№20 (4126) 13.02.2020

Мехнат (1)Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷобирзода дар нишасти матбуотие, ки 6 феврали соли равон баргузор гардид, қайд намуд, ки ба ҳолати 1 ноябри соли 2019 музди миёнаи меҳнат 1323,9 сомониро ташкил дод, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,7 сомонӣ зиёд шуд.

Мавсуф афзуд, ки музди меҳнати аз ҳама зиёд дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок – 2576,8 сомонӣ ва сохтмон — 2395 сомонӣ, музди меҳнати паст дар соҳаи кишоварзӣ ва ҷангалпарварӣ – 547,9 сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Қайд шуд, ки дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкунӣ дар давраи мавриди назар аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 2069 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа, 8610 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки 5410 адади он ба ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва 3200 — то ба муассисаҳои давлатӣ алоқаманд буд. Вобаста ба ин аз ҷониби корфармоён 24 млн. 155 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат пардохт гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 530883 шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки 77 ҳазору 13 нафарашон зан мебошанд.

- Дар ин давра ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Федератсияи Россия 36 ҳазору 140 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардид. Бо дахолати масъулини  намояндагӣ 20 млн. 523 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд, — гуфт вазир.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»