Аз нишастҳои матбуотӣ

Н. Давлатзода: «Нақшаи ҷамъоварии андоз барзиёд иҷро гардид»

№95 (3889) 07.08.2018

Нусратулло- Дар нимсолаи аввали соли 2018 нақшаи ҷамъоварии андоз 101,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 5 милиарду 50,5 миллион ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондоди пешбинишуда 58,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Давлатзода дар нишасти матбуотие, ки 3 август баргузор гардид. Зикр шуд, ки иҷрои нақша дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 109,6 фоиз, вилояти Хатлон — 99,6, вилояти Суғд — 104,7, шаҳри Душанбе 100,5 фоиз таъмин гардид.

Номбурда иброз дошт, ки дар нимсола шумораи субектҳои хоҷагидоре, ки ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ эъломия пешниҳод менамоянд, 10660 адад зиёд шуд. Ҳоло 70230 андозсупоранда бо ин усул эъломия пешниҳод менамоянд.

Ин нукта ҳам лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади тарғиби моҳият, зарурат ва пардохти андозҳо ба Буҷети давлатӣ 82 банери рекламавӣ дар шоҳроҳҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва 42 шаҳру ноҳияи кишвар насб шуд.

Ворис, «Садои мардум»