Аз нишастҳои матбуотӣ

Наҷотдиҳандагон 70 нафарро аз чанголи марг раҳо намуданд

№92 (4042) 30.07.2019

МЧС (2)- Дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 624 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора дар 40 маврид ба аҳолӣ зарари моддиву маънавӣ расидааст. Дар натиҷаи офати табиӣ 22 нафар шаҳрванди кишвар, аз ҷумла, дар натиҷаи лағзиши тарма 9 нафар, борони сел — 7, резиши санг — 3, боди шадид — 2 ва раъду барқ 1 нафар ба ҳалокат расиданд. Ғайр аз ин, дар ВМКБ чор ҳодисаи ҳамлаи гургон ба одамон ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он ду нафар сокини маҳаллӣ ҳалок ва ду тани дигар захмӣ гардиданд, — изҳор дошт ҷонишини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муҳаммадҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 25 июл баргузор гардид.

Номбурда афзуд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ 135 хонаи истиқоматӣ зарар дид. Аз ҷумла, 22 хона пурра, 109 хона қисман вайрон шуд. Ҳамчунин майдони 1989,77 гектар замин, 10 пул ва 204,353 км роҳ хароб гардид. Ба хонаводаҳои зарардида — сокинони ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахш, Хуросони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Конибодом, Исфараи вилояти Суғд кумакҳо дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштиву хоҷагӣ расонида шуд.

Аз маълумоти пешниҳоднамудаи ҷонишини раис маълум гардид, ки сарфи назар аз роҳандозии рейд­ҳои пайваста аз ҷониби кормандони КҲФ, чорабиниҳои таблиғотӣ, муроҷиатҳо тавассути телевизион ва радио дар кӯлу дарёҳо ҳанӯз ҳам одамон ба ҳалокат мерасанд. Бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар ин давра 57 (соли 2018 — 69) нафар ғарқ гардидаанд, ки 28 нафари онҳо бачаҳои синни то 17 буданд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷотдиҳӣ ба шумор меравад. Дар нимсолаи якуми соли 2019 наҷотдиҳандагон дар амалиёти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ иштирок намуда, дар 344 (соли 2018 -295) ҳолат 70 нафарро аз марг наҷот доданд.

Бо мақсади ба ҳам овардани кӯшишҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо давлатҳо ва созмонҳои дахлдор тақвият мебахшад. Бар асоси созишномаи қаблан имзошуда дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ, ҳамчунин, мутобиқ ба табодули номаҳо Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 120 номгӯй техника ва таҷҳизот барои воҳидҳои КҲФ дастрас намудааст, ки ба беҳбуд бахшидани корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва садамаҳои техногенӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар давраи зикршуда маросими ифтитоҳи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд татбиқ мекунад, баргузор шуд. Он барои ҳалли мушкилоти идораи хатари офатҳои табиӣ равона шудааст.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»