Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаҳои истеҳсолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барзиёд иҷро шуданд

№23 (3817) 22.02.2018

dav- Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ соли сипаришуда 125 фоиз иҷро ва ба ҷойи 8054233 сомонӣ 10102286 сомонӣ маб­лағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2048053 сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Зарифзода Почохон — раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зимни нишасти матбуотӣ, ки чанде пеш доир гардид.

Номбурда қайд кард, ки соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳама самти хоҷагидорӣ ба маблағи 277 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2016-ум 831 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, ғалладона 27554 тонна, картошка — 3540, сабзавот — 2297, полезиҳо  — 2340, меваҷот — 14088, ангур- 2494 тонна истеҳсол гардид. Аз ноҳия ба хориҷи кишвар 820 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки 102,5 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Ҳоло дар ноҳия 11 корхонаи саноатӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият мекунанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 33,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2016-ум 6 млн. 723 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Зарифзода Почохон афзуд, ки соли 2017 барои сокинони ноҳия бобарор ва хотирмон аст, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сафари корӣ намуда, як қатор иншоот, корхонаҳои хурди саноатӣ ва муассисаҳои таълимию тандурустиро мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла, Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳия ба фаъолият пардохт, ки айни ҳол дар онҳо 70 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Ҳамчунин, дар деҳоти «Даштиҷум» ва «Саричашма» се коргоҳи адрасу атласбофӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, дар онҳо 15 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд. Соли 2017 дар корхонаҳои дӯзандагиву адрасбофӣ 100 нафар занону духтарон бо кор таъмин гардиданд.

- Айни ҳол дар ноҳия сохтмони Қасри фарҳанг барои 500 ҷойи нишаст ва варзишгоҳи марказӣ барои 6000 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ идома дорад, — гуфт Почохон Зарифзода.

И. РАҶАБАЛӢ, журналист