Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи генералии шаҳри Роғун аз нав таҳия мегардад

№88 (3882) 19.07.2018

DSC00155Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ки 14 июли соли равон баргузор гардид, бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз шуд.

Раиси шаҳр Билол Иброҳим иттилоъ дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2018 қисми даромади буҷет ба ҷойи 19 миллиону 286,6 ҳазор сомонӣ 21 миллиону 576,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ба 112 фоизи нақша баробар аст. Қисми хароҷоти буҷет ба ҷойи 21 миллиону 868,9 ҳазор 20 миллиону 039,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 35 миллиону 031,3 ҳазор сомонӣ расид. Афзоиши истеҳсоли маҳсулот нисбат ба нимсолаи соли 2017-ум 8 миллиону 531,6 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Билол Иброҳим, ҳамчунин гуфт, ки дар нимаи аввали соли равон аз тарафи соҳибкорон корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, бо кумаки онҳо майдончаҳои варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона сохта ба истифода дода шуд. Дар деҳоти «Қади об» гӯшаи «Ҳунарҳои мардумӣ» таъсис ёфт, роҳи мошингарди кӯчаи Истиқлол – Норакиён, деҳаи Ҷавонӣ дар масофаи ҳафт километр таъмири ҷорӣ гардид. Айни ҳол аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи шаҳрсозӣ лоиҳаи нави «Нақшаи генералии шаҳри Роғун» тарҳрезӣ мешавад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати истифодаи босамари замин ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбат ба заминистифодабарандагон аз тарафи Кумитаи идораи замини шаҳр 59 ҳолати қонуншиканӣ оид ба истифодаи замин ошкор ва нисбат ба 47 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба маблағи 17650 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.

Билол Иброҳим, инчунин оид ба бурдубохти соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти шуъбаи САҲШ, муассисаҳои томактабӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба таври муфассал маълумот дода, зикр кард, ки то ҳол дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ нарасидани ҷойи нишаст, таъмирталаб будани биноҳои мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ ҷой доранд.

- Дар соли 2018, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, дар маркази шаҳри Роғун баробари ривоҷ додани ҳунарҳои қадимаи кулолгарию чармгарӣ 12 дӯкони фурӯши маҳсулоти қадимаи мардумӣ ташкил шуд. Беш аз чор ҳазор сайёҳи дохилӣ ташриф оварданд. Агар мавзеи Ёнахш обод шавад, омадурафти сайёҳони хориҷӣ боз зиёд мегардад, — гуфт Билол Иброҳим.

Муҳаммад ЗОКИР,«Садои мардум»