Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ 102,7 дарсад иҷро шуд

№95 (3889) 07.08.2018

hurshedҶиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуд, ки дар натиҷа воридоти ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ, ангишт, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти қаннодӣ, лампаҳои тафсон, мева, чойи хушк, доруворӣ, хӯроки паранда, ҳасиб, гӯшти қимакардашуда ва тухми мурғ ошкор гардид. Дар ин хусус сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 2 августи соли равон баргузор шуд, маълумот дод.

Номбурда афзуд, ки дар давраи зикргардида 2261 ҳолати қонуншикании гумрукӣ, аз ҷумла дар 45 ҳолат ҷиноят,  23 ҳолат қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 3 ҳолат гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 19 ҳолат ҷиноятҳои дигари  ба фаъолияти соҳа алоқаманд ошкор гардид. Дар натиҷаи баррасии 2216 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1835 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 1808 парванда баррасӣ ва 1256 парванда тибқи тобеият ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки гардиши тиҷорати хориҷии кишвар нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2017-ум 21 дарсад зиёд шуда, нақшаи пардохтҳои гумрукӣ 102,7 дарсад иҷро ва аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 71,7 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»