Аз нишастҳои матбуотӣ

Наим Набизода: «Ниҳолро дар тирамоҳ мешуморем»

№91 (4041) 27.07.2019

ЧангалМуовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода зимни нишас­ти матбуотӣ, ки 23 июли соли равон баргузор гардид, иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар 1334,8 гектар замин бунёд ва барқароркунии ҷангалзор гузаронида шуд. Дар ин давра аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои тобеи агентӣ зиёда аз 116,9 тонна растаниҳои ғизоӣ ва хӯрданибоб (асосан, чукрию сиёҳалаф) ҷамъоварӣ ва ба бозори истеъмолию корхонаҳои дорусозӣ пешкаш гардид. Бо мақсади таъмини чорвои аҳолӣ ва хоҷагиҳои чорводорӣ бо хошоки дурушт 718 тонна алафи табиӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Айни замон дар ин самт кор идома дорад.

- Аз моҳи ноябри соли сипаришуда то моҳи марти соли равон дар шоҳроҳҳои Душанбе — Ваҳдат, Норак — Данғара, Ваҳдат — Файзобод — Роғун, теппаҳои атрофи шаҳраки Норак, мавзеи Лучоби ноҳияи Сино, Корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе ва ғайра 24798 бех ниҳоли ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда, аз қабили санавбар, туя, айланӣ, бодоми талхдона, олучаи кӯҳӣ шинонида шуд, — гуфт номбурда ва илова намуд: — Ин заминҳо дар ихтиёри Фонди озоди ҷангал набошанд ҳам, ба хотири кабудизоршавӣ дар онҳо ниҳол шинонида мешавад. Моҳи сентябр комиссияи махсус ҳолати ниҳолҳои шинонидаро санҷида, шумораи ниҳолҳои сабзидаро муайян хоҳад кард.

Инчунин, зикр шуд, ки ҳарчанд дар ноҳияи Мурғоб Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал фаъол набошад ҳам, ба хотири барқарор намудани олами набототи ин минтақаи баландкӯҳ то соли 2020 дар 700 гектар кишти терескен ба назар гирифта шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки бинобар нарасидани сӯзишворӣ сокинони ноҳия майдони ин растании нодири баландкӯҳро хеле кам кардаанд. Терескен дар баробари ғизои асосии қӯтос будан, замини мавзеъҳои баландкӯҳро аз бодхӯрдашавӣ эмин медорад.

С. Суннатӣ, «Садои мардум»