Аз нишастҳои матбуотӣ

Нархи гандум дар Қазоқистон ва орд дар Тоҷикистон боло рафт

№№14 (3964) 05.02.2019

Раиси Зидиинхисори (1)Сиюми январи соли равон дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Сардори он Саъдӣ Қодирзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар асоси моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», тибқи фармоиши Хадамот аз 14 майи соли 2018, Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, ба тас­виб расид ва ба он 80 субъекти хоҷагидор шомил карда шуд.

Номбурда доир ба бозори мол дар соли 2018 маълумот дода, изҳор дошт, ки ба ҷумҳурӣ 1018,9 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 169 доллари ИМА барои як тонна ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,4 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба кишвар 47,2 ҳазор тонна орд ворид шудааст. Дар муқоиса бо гандум воридоти ин намуди маҳсулот нисбат ба соли гузашта 13,6 дарсад кам гардидааст. Сабаби гарон шудани нархи ордро масъулини Хадамот ба афзоиши қимати гандум дар Қазоқистон алоқаманд донистанд. — Зеро — шарҳ доданд онҳо, — ин маҳсулот аслан аз Қазоқистон ба кишвар ворид мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бозори воридот, истеҳсол ва фурӯши гандум ва орд дар кишвар рақобатпазир мебошад ва субъектҳои хоҷагидори бозори мазкур ба Феҳристи субъекти хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, шомил нашудаанд.

Бино ба гуфти Саъдӣ Қодирзода, соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ 446,8 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ворид шудааст. Ба бозори ин намуди маҳсулот се субъекти хоҷагидор-ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», ҶДММ «Сеганҷ» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд, ки таҳти танзими зиддиинҳисорӣ қарор доранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»