Аз нишастҳои матбуотӣ

Нархи орд дар бозорҳои вилояти Суғд арзон аст

№22 (3816) 20.02.2018

DSC_0783Ин нуктаро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода 15 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд.

Воридоти зиёди орд ва гандум аз рӯйи минтақаҳо соли сипаришуда асосан ба вилояти Суғд рост меояд. Арзиши як халта орди 50 килограммаи истеҳсоли дохилӣ бо гандуми воридотии Ҷумҳурии Қазоқистон дар вилоят аз 134 то 145 сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки як халта орди навъи якуми 50 килограмм ба нархи 152,50 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ ва гумрукӣ, соли гузашта ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 14,5 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 195 доллар барои як тонна ва 54,6 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 248 доллар барои 1 тонна ворид шудааст. Истеҳсоли орд дар корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ 647579,8 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 11,3 фоиз зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумот, соли 2017 ба ҷумҳурӣ 113,2 ҳазор тонна шакар ворид гардидааст. Воридоти равғани растанӣ 95,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор тонна зиёд аст.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»