Нишастҳои матбуотӣ

Нимсолаи аввали сол 266 санади судӣ бекор карда шуд

№86 (3723) 20.07.2017

Суди олли (2)Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ (17 июл) доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ин давра дар марҳилаи якуми Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ 9551 парвандаи гражданӣ, 23556 парвандаи оилавӣ, 5910 парвандаи ҷиноятӣ, 4249 дархос­ти мақомоти тафтишотӣ ва 35394 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мақомоти судӣ барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардош­тани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, маҷлисҳои сайёри судиро ҳамчун омили тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва ташвиқу тарғиби қонунҳо истифода намуда, 7573 парвандаро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуданд.

Бо мақсади ҷалби диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳо 10816 таъиноти хусусӣ бароварданд. Бо таҳлили сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, содиршавии ҷиноят ва баҳсҳои гражданӣ ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо 233 пешниҳод ирсол гардид.

- Дар қатори пешравиҳо, албатта, камбудиҳо низ ҷой доштанд, — гуфт дар посух ба саволи хабарнигорон раиси Суди Олӣ ва иброз дошт, ки дар давоми нимсолаи аввал 266 санади аз ҷониби судҳои зинаҳои гуногун қабулгардида бекор карда шуд. Ҳангоми ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола ин масъала мавриди баррасии амиқ қарор гирифт ва баҳри ислоҳи вазъи баамаломада чораҳои таъхирнопазир андешида мешавад.

Оид ба ҷараёни баррасии парвандаи ҷиноятӣ марбут ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Суди Олӣ изҳор дошт, ки ба Суди Олӣ нисбат ба 10 нафар мансубини Агентӣ ва се нафари дигар бо иттиҳоми пора гирифтан ва қаллобӣ парванда ворид шудааст, ки баррасии он рӯзҳои наздик оғоз меёбад.

Шермуҳаммад Шоҳиён дар идома ба саволҳои зиёди хабарнигорон, бобати ҷинояткории ноболиғон, таҳти фишору шиканҷа гирифтани баёноти худиқрорӣ зимни тафтишоти пешакӣ, даст задани судяҳо ба ҷиноят, сабабу омилҳои ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задани шаҳрвандон, муносибат бо арзу шикоятҳои онҳо ва ғайра посух гуфт.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»