Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Балҷувон. 19 иншооти ҷашнӣ ба фаъолият шурӯъ кард

№94 (4044) 03.08.2019

раиси ноҳияи БалҷувонРаиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат зимни нишасти матбуотӣ (29 июл) иттилоъ дод, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон сохтмони 375 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва афзуд, ки то ба ҳол аз ин шумора 19 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва дар 101 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Зикр шуд, ки тибқи нақша, то соли 2021 бунёди 35 муассисаи таълимӣ, 8 кӯдакистон, 23 майдончаи варзишӣ, 3 толори варзишӣ, 2 беморхона, 20 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази тиббӣ, 2 дорухона, 3 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 13 меҳмонхона, 18 сартарошхона, як кошонаи ҳусн, 15 ҳаммом ва як корхонаи коркарди шир пешбинӣ мегардад.

Номбурда изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8 миллиону 337 ҳазору 800 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1153,6 сомонӣ зиёд мебошад.

И. РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»