Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ. Чаро зироати кишти такрорӣ хушк шуд?

№23 (4285) 20.02.2021

DSC00637Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ (12 феврали соли 2021) иброз ­дошт, ки соли 2020  қисми даромади буҷети маҳаллӣ  92 фоиз иҷро гардида, аз нақшаи пешбинишуда 16 миллиону 340 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Андози маҳаллӣ, аз ҷумла, андоз аз молу мулки ғайриманқул, 121 фоиз ва нақшаи андози иҷтимоӣ 102 фоиз ба иҷро расид.

- Соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиарду 171 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2019-ум 3,8 фоиз афзоиш ёфт. Дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот ҳиссаи бахши саноат 38,1 фоиз, кишоварзӣ — 60 ва дигар соҳаҳо 1,9 фоизро ташкил медиҳад, — афзуд Азизулло Исматзода.

Соли 2020 нисбат ба соли пеш таъмини замини киштшаванда ва наздиҳавлигии сокинон бо оби полезӣ беҳтар гардида бошад ҳам, бинобар таъмири роҳи байналмилалии Душанбе — Бохтар ва баста шудани оби канали Кӯктош моҳҳои август-сентябр замини деҳоти «Лоҳур»  аз об маҳрум монда, зироати кишти такрорӣ пурра хушк гардид. Инчунин, бо сабаби сари вақт аз шаҳри Ваҳдат тавассути канали Роҳатӣ ҷорӣ нагардидани об, 350 гектар замини корами деҳоти «Гулистон» бе об монд.

М. ЗОКИР,

 «Садои мардум»