Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи РӮДАКӢ. Вазъи роҳҳои маҳаллӣ ва қасрҳои фарҳанги деҳот ташвишовар аст

№18 (3968) 14.02.2019

DSC01625Раиси ноҳияи Рӯдакӣ ­Рустам Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ, 9 феврали соли 2019, гуфт, ки соли 2018 корхонаҳои саноатӣ, новобаста аз шакли моликият, якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 257 миллиону 113 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2017 бо нархҳои аслӣ 23,9 фоиз ё ба маблағи 49 миллиону 554 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Асоси зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард ва хизматрасонии қувваи барқ мебошад.

- Соли гузашта маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот ба як миллиарду 29 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2017-ум 9,8 фоиз ё 92 миллиону 265 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми даромади буҷет 150 миллиону 41 ҳазор сомонӣ ё 100 фоиз ва қисми хароҷот 150 миллиону 692 ҳазор сомонӣ ё 98 фоизро ташкил дод. Нақшаи андози иҷтимоӣ 61 миллиону 58 ҳазор сомонӣ ё 108,1 фоиз иҷро шуд, — афзуд Рустам Акрамзода.

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 673 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дод. То якуми январи соли равон дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 6514 гектар кишти зироатҳои ғалладонагии тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 44,8 фоиз зиёд мебошад.

Журналистон доир ба сабаби якбора озод кардани раисони нуҳ ҷамоати деҳот, мудири шуъбаи маориф ва сардухтури шифохонаи марказии ноҳия суолҳо пешниҳод карданд. ­Рустам Акрамзода иброз дошт, ки мақсади аз вазифа озод кардани раисони ҷамоатҳо ҷойивазкунӣ (ротатсия) мебошад. Дар мавриди мудири шуъбаи маорифи ноҳия қайд кард, ки бо хоҳиши худ ариза навиштааст. Аммо сабаби аз вазифа сабукдӯш шудани сардухтури беморхонаи марказии ноҳия номаълум монд.

Ҳамчунин, раиси ноҳия ва дигар масъулони соҳа ба суол­ҳои хабарнигорон дар ҳолати валангору вайрона қарор доштани қасрҳои фарҳанги ҷамоатҳои деҳот ва бе ҷойи нишаст мондани ҳафт ҳазор нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ ҷавоб гуфта натавонистанд.

Имрӯз роҳҳои мошингарди байниноҳиявӣ ва маҳаллии ноҳия, аз ҷумла роҳи мошингарди маҳаллаи Чортут тавассути деҳоти «Сарикиштӣ», аз деҳаи Чимтеппаи деҳоти «Чимтеппа» то сарҳади шаҳраки «Шарора»-и шаҳри Ҳисор, роҳҳои ҳудуди деҳоти «Зайнабобод», «Россия», «Сарикиштӣ», «Лоҳур», «Чоргултеппа» ниҳоят вайрону валангоранд. Вале ба саволи «роҳҳои мазкур кай таъмир карда мешаванд?» нафаре ҷавоб нагуфт.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»