Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Варзоб. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ меафзояд

№94 (4044) 03.08.2019

DSC01616Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб (25 июл) раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода гуфт, ки нақшаи қисми даромади буҷет дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 15 миллиону 878 ҳазор сомонӣ иҷро шуд ва 104,7 фоизро ташкил дод.

14 корхонаи саноатии ноҳия дар ин давра пурра фаъолият карда, ба маблағи 22 миллиону 527 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва суръати афзоишро ба 67,6 фоиз расонданд. Истихроҷи маъдан ба 9 миллиону 732 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки аз нақша 2 миллиону 937 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 25 миллиону 528 ҳазор сомониро ташкил дод, — изҳор дошт Муҳаммадулло Шерализода.

Тибқи маълумоти раис, дар шаш моҳи аввали соли сипаригардида аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳия 31 ҳолати вайрон кардани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шудааст. Барои риоя накардани қонунгузорӣ ба 28 нафар бо моддаи 141 ва барои истифодабарии замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба ду нафар бо моддаи 148 — и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин карда, аз қонуншиканон ба маблағи 13 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзоб сохтмони 270 иншоот пешбинӣ гардидааст, ки то ба ҳол 56 адади он сохта, ба истифода дода шуд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»