Аз нишастҳои матбуотӣ

Носир Cаидов: «Инъикоси масоили фарҳангӣ рисолати асосии мост»

№18 (3812) 10.02.2018

Сафина (1)Носир Саидов, директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», зимни нишасти матбуотӣ, ки чанде пеш доир шуд, изҳор дошт:

- Самти асосии фаъолияти мо мувофиқи оиннома инъикосу тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи фарҳанг аст.

Айни замон муассиса дар як шабонарӯз 18 соат 50 номгӯи барномаҳоро ба забони тоҷикию русӣ пахш менамояд. Соли гузашта 20 барномаи нав дар жанрҳои гуногун рӯйи эфир омаданд.

- Яке аз дастовардҳои назарраси Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар соли 2017 гузаштан ба пахши дақиқияташ баланд буд. Кормандон рисолаташонро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намуданд ва ин раванд идома хоҳад ёфт, — гуфт номбурда. — Барои мисол дар марҳилаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷониби идораи иттилоотию таҳлилӣ 167 гузориш таҳия ва пешниҳоди бинандагон гардид. Дар самти ба мардум фаҳмондани хатару оқибатҳои никоҳи байни хешу табори наздик мунтазам бо ҷалби кормандони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони идораҳои саб­ти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барномаҳо таҳияву пахш гардиданд. Аз ҷумла, дар барномаи «Дар талоши ҳаёт» мавзӯъ бо иштироки доираи васеи коршиносон бо тамоми паҳлу мӯшикофона баррасӣ гардид.

- Ба саволи он ки: «Чаро дар «Телевизиони Сафина» барномаҳои ҳаҷвӣ каманд?»,  Носир Саидов гуфт:

- Баръакс, барномаҳои ҳаҷвии ҳирфаӣ хеле каманд. Ҳаҷвнигорон зиёд ба мавзӯъҳои обшуста даст мезананд ё аз як латифаи маъруф саҳначаи ҳаҷвӣ эҷод мекунанд, ки аз муҳтавои он ноуҳдабароии ҳаҷвнигор хандаовартар мебарояд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»