Нишасти матуотӣ

Нуҳ нафар то 10 000 сомонӣ нафақа мегиранд

№ 19.07.2016

Дар Тоҷикистон нафақаи баландтаринро ҳамагӣ нуҳ нафар мегиранд, ки аксарашон кормандони собиқи бонкҳо мебошанд. Нафақаи онҳо то 10 ҳазор сомонӣ буда, бинобар баланд будани маошашон ҳангоми фаъолият, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барояшон чунин нафақа таъин шудааст. Ин нуктаро ҳаждаҳуми июли соли равон муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Назокати Хайрулло зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти номбурда, то якуми июли соли равон теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ  634 553 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13258 нафар зиёд мебошад. Андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ дар ин давра 251 сомонӣ, нафақаи суғуртавӣ 356 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ 124 сомониро ташкил медиҳад.

-Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қисми давромади  Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 88,6 фоиз таъмин гардида, ба он  як миллиарду 30,4 миллион сомонӣ ворид гардид. Қисми хароҷот бошад, як миллиарду 10 миллион сомониро ташкил дод,-гуфт ў, Бо мақсади ворид намудани технологияи муосири иттилоотӣ ба ҷараёни пардохти нафақаҳо ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт Агентӣ дар ҳамкорӣ бо БДА «Амонатбонк» пардохти нафақаи 467 620 нафақагирро дар 49 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 121,9 миллион сомонӣ  тавассути кортҳои пардохтӣ ба роҳ мондааст.  Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки теъдоди умумии шахсоне, ки то имрўз пардохти нафақаашон тавассути кортҳои пардохтӣ ба роҳ монда шудааст, 73,7 фоизи теъдоди умумии нафақгиронро ташкил менамояд.

Одиназода Назокати Хайрулло ҳамчунин зикр кард, ки зимни санҷишҳо дар шаш моҳи сол 2016-ум 232 ҳолати нодуруст таъин  ва бозҳисобӣ гардидани нафақаҳо ошкор шуд, ки дар 126 ҳолат ба маблағи 54,8 ҳазор сомонӣ нафақа зиёд ва дар 106 ҳолат ба маблағи 12,2 ҳазор сомонӣ нафақа кам таъин ва бозҳисобӣ  карда шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»