Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуриддин Саид: «49 медали тилло дастоварди арзанда аст»

№90 (4040) 25.07.2019

Маориф (5)Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19 июл баргузор гардид, вазир Нуриддин Саид иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳо вусъат бахшидани ҳаракати олимпӣ мебошад. Соли 2019 хонандагони кишвар дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Беларус, Таиланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия ва ИМА баргузор шуд, ширкат варзида, сазовори 49 медали тилло, 55 медали нуқра ва 94 медали биринҷӣ гаштанд. Ба андешаи номбурда, ин дастоварди арзанда аст.

Вобаста ба компютер таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ зикр шуд, ки дар макотиби ҷумҳурӣ 65125 компютер, 10867 принтер, 2010 тахтаи электронӣ ва 2730 проектор мавриди истифода қарор дорад. Ӯ ёдрас шуд, ки муассисаҳои таълимии хусусӣ низ фаъол буда, фаъолияташон тибқи талаботи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» ба роҳ монда шудааст. Дар умум шумораи тарбиятгирандагон дар муассисаҳои томактабии хусусӣ ба 8200 нафар расидааст.

Ҳарчанд сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба кадрҳои соҳибихтисос беҳтар гардида бошад ҳам, то ҳол норасоии омӯзгорон дар якчанд шаҳру ноҳия ҳалли худро наёфтааст. Ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон 98 нафар, шаҳри Душанбе — 8 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 70 нафарро ташкил медиҳад. Норасоӣ, асосан ба муаллимони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, математика, таъриху ҳуқуқ, физика, химия, технологияи информатсионӣ мебошад.

ВОРИС, «Садои мардум»