Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуриддин Саид: «пулҷамъкунӣ барои таъмири мактабҳо ғайриқонунӣ аст»

№83 (3720) 13.07.2017

DSC_0359- Фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шаш моҳи соли равон ҳам мавриди интиқод ва ҳам ситоиш қарор гирифт, — гуфт 10 июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ  вазир Нуриддин Саид.

Номбурда афзуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар матбуот доир ба кори вазорат 24 мақолаи танқидӣ камтар чоп шудааст ва нимҷиддию нимшӯхӣ хулоса кард, ки ё фаъолият беҳтар гаштааст ва ё  рӯзноманигорон моро фаромӯш кардаанд.

Ба пурсиш, бобати он ки дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои таъмир аз волидони хонандагон пул ҷамъ мекунанд, посух дода шуд, ки ин амал комилан ғайриқонунӣ аст. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барои таъмир ҳар сол пул ҷудо мешавад ва ҳар як мактаб аз маблағи ҷудошуда саҳми худро мегирад.

Маълум гашт, ки дар мактаб­ҳои Тоҷикистон муаллимон аз Чин, Қазоқистон, Туркия, Филиппин ва ғайра машғули тадрис ҳастанд ва имсол омӯзгорон аз Федератсияи Россия низ ба кор ҷалб карда мешаванд. Онҳо на танҳо аз фанни забони русӣ, балки аз фанҳои риёзӣ, физика, химия ва амсоли ин ба мактабиён дарс мегӯянд. Барои онҳо шароит, аз ҷумла манзили зист, муҳайё карда мешавад.

Кӯдаконе, ки имсол ба синфи якум мераванд, аз 1 август ба дарс­хонӣ шурӯъ мекунанд.

Дар бораи норасоии китобҳои дарсӣ Нуриддин Саид таъкид кард, ки ҳар сол бо теъдоди зиёд китобҳои гуногун нашр мешаванд. Имсол 250 ҳазор нусха «Алифбо» чоп кардем, ки аз теъдоди кӯдакони ба синфи якум мерафта бештар аст. Аммо бо айби масъулони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо китоб­ҳо ба хонандагон дастрас намешаванд. Бинобар ин, дар анбори вазорат теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ хобидаанд.

 ВОРИС, «Садои мардум»