Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷоизаи тиллоии тоҷикистон дар «ЭКСПО – 2019»

№15 (4121) 01.02.2020

DSC_4649Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «ЭКСПО — 2019» имкон дод, ки бори аввал меваҳои хушки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори Ҷумҳурии Халқии Хитой барои фурӯш пешниҳод гардад. Дар ин замина ҶДММ «Абрикос и Компания» намояндагиашро дар ин кишвар ифтитоҳ бахшид.

Тавре раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Ҷумъахонзода 29 январи соли равон дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ширкат варзидан дар ин намоишгоҳ ба ҶДММ «Абрикос и Компания» ва ҶДММ «Рухом» имкон фароҳам овард, ки дар якчанд намоишгоҳи музофоти гуногуни Хитой иштирок намоянд. Муҳим он аст, ки аз рӯи номинатсияи «Минтақаи дохилии иштирокчиёни байналмилалӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи тиллоии Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «ЭКСПО — 2019» гардид.

Моҳи октябри соли сипаришуда дар доираи  Форуми VII «Ҳамкории Хитой ва Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри  Наннин, музофоти Гуанси – Чжуани Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва дар он маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сангҳои нимқиматбаҳо ва ғайра муаррифӣ шуданд.

Соли 2019 бо сабаби дуруст фаъолият накардан 50 ширкат аз узвияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда, 228 ширкат ба узвият пазируфта шуданд. Дар ин давра роҳбарияту кормандони Палата бо роҳбарону намояндагони палатаҳои кишварҳои хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ширкату корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ 423 вохӯрӣ  гузаронида, дар ташкил намудани 20 форуми доираҳои соҳибкорӣ ва 26 конфронсу семинарҳо ширкат варзиданд.

Соли гузашта 30 соҳибкори тоҷик барои омӯхтани таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба Ҷумҳурии Ҳиндустон рафт.

- Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳамкориро бо кишварҳои узви ИДМ, Афғонистон, Туркия, АМА, Хитой, Фаронса, Швейтсария, Руминия ва Литва дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст, — гуфт Ҷамшед Ҷумъа­хонзода.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»