Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳолати чарогоҳҳои минтақаҳои зерлоиҳа беҳ гардид

№98 (4048) 15.08.2019

ЧарогохАз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо мақсади самаранок истифода бурдану идора кардани чарогоҳҳо дар 180 деҳа ҷамъияти  чарогоҳис­тифодабарандагон таъсис дода шуд.

Бо мақсади сари вақт кишту ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироати хӯроки чорво ва кишоварзӣ, 199 трактор, 6 экскаватор, 4 комбайни ғалладаравии тамғаи «Нива эффект», 5 борбардори фронталӣ, 146 ядак (тележка)-ҳои трактор ва 1300 мошинолоти гуногуни кишоварзӣ, аз қабили ғаллакӯбак, испор, алафтойкунак, сихмола ва ғайра дастрас гардид.

Директори МД «Маркази лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода 2 августи соли равон дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар 25 деҳаи ноҳияҳои зерҳадаф ҷиҳати оғоз намудани корҳои сохтмонӣ доир ба кашидани хати оби нӯшокӣ  ва нуқтаҳои обнӯшӣ барои чорво, сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳои чорвогузар чораҳои мушаххас андешида шуда, иншооти мазкур то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа 21 зан бо 210 оилаи занбӯри асал ва таҷҳизоти зарурӣ барои парвариш, 12 гурӯҳ бо ҷалби 112 бону оид ба парваришу  бастубанди настаран (хулул, хӯч) ва 67 нафари дигар бо як сарӣ чорвои ширдеҳ ва хӯроки консентратӣ  таъмин гардиданд.

- Бо мақсади  баланд бардош­тани ҳосилнокии чарогоҳҳои деҳаҳои зерҳадафи  лоиҳа, ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон бо 150 тонна нурии минералӣ таъмин гардида, онро дар 1500 гектар чарогоҳ истифода намуданд. Дар самти тақвият бахшидани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво ва беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ба манфиатгирандагон, дар маҷмӯъ, 105 тонна тухмии зироатҳои хӯроки чорво, аз ҷумла, ҷав, юнучқа, эспарсет, лаблабуи хӯроки чорво ва ҷуворимакка  дастрас шуд, — гуфт Саъдӣ Каримзода.

 

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»