Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳолати эпизоотӣ ва солимии чорво муътадил арзёбӣ гашт

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

DSC_4811Соли 2019 аз ҳисоби Фонди зиддиэпизоотӣ ва суратҳисоби махсуси кумита ба маблағи 2 914 219,69 сомонӣ маводи байторӣ харидорӣ шуд

Ин нуктаро раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода 30 январи соли 2020 дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Баҳри муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ дар давраи мавриди назар 635 164 сар чорвои калон ва хурд аз санҷиши брутселлёз гузаронида шуда, 982 сар чорвои мубталои беморӣ муайян ва тибқи дастурамали мубориза бар зидди бемории мазкур забҳ карда шуданд.  Дар ин давра дар 92287 сар чорвои калон вобаста ба бемории сил санҷиш гузаронида шуд, вале аломати хос ба ин касалӣ муайян нагардид. Айни замон ҳолати эпизоотӣ ва солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбат ба солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад.

Бино ба гуфти номбурда, соли сипаришуда бо мақсади нест кардани барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои безараргардонӣ, аз ҷумла, дезинфексия ва дератизатсия мутаносибан дар масоҳати 658,7, 44,58 ва 19,37 ҳазор метри квадратӣ гузаронида шуд.

Иттилоъ ёфтем, ки дар давраи зикршуда аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолӣ 1039878 ташхис гузаронида, 48 985 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 9932 килограмм маҳсулоти ширӣ, 23 232 дона тухм, 154 965 килограмм меваю сабзавот, 1024 килограмм моҳӣ, 3847 килограмм намак, 1693 литр равғани растанӣ, 635 килограмм асали бесифат ва хавфнок муайян ва нобуд карда шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»