Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷоми Академияи илмҳо барои ихтироъкорону навоварон

№21 (4127) 15.02.2020

АКАДЕМИЯИ ИЛМХО (1)- Соли 2019  олимони  Академияи илм­ҳо таҳқиқотро аз рӯи 100 мавзӯъ, аз ҷумла,  60 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 19 мавзӯи илмӣ — таҳқиқотии амалӣ ва 21 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунё­дию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, — гуфт президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 10 феврали соли равон баргузор гардид. Вай ҳамчунин афзуд:

- Дар давраи мавриди назар таваҷҷуҳи олимон ба омӯзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯи самтҳои муҳим, мисли гидроэнергетика, захираҳои об, манбаъҳои ғайрианъанавии энергия, технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ, усулҳои пешгӯӣ кардани заминларза, мониторинги радиатсионӣ, амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон равона шуд.

Номбурда таъкид кард, ки аз рӯи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ 2167 кори илмӣ, аз ҷумла, 204 китобу монография, маҷмӯа, брошюра, тавсиянома,  1963 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ ба нашр расид. Аз ин ҳисоб 1861 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 222 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 141  мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур чоп шуд.

Дар соли 2019 дар 19 шӯрои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии ФР тасдиқ шудаанд,  179 рисола, аз ҷумла, 20 рисолаи докторӣ ва 159 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Аз шумораи умумии ҳимоякардагон 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1 шаҳрванди Федератсияи Россия, 3 шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд.

Дар 5 шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ 29 рисола — 1 рисолаи докторӣ ва 28 рисолаи номзадӣ дифоъ гардид.  Дар шӯроҳои диссертатсионие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз ҷониби кормандони илмии  АИ ҶТ 25 рисола — 2 рисолаи докторӣ ва 23 рисолаи  номзадӣ ҳимоя шуд.

28 июни соли 2019 озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикис­тон» барои дарёфти «Ҷоми Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷамъбаст гардид. Мақсад аз гузаронидани ин озмун тавсеаи фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорию навоварӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ,  муаррифии ихтироот,  татбиқи онҳо дар иқтисодиёти кишвар ва ҳавасманд гардонидани беҳтарин ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ мебошад.

ВОРИС, «Садои мардум»