Аз нишастҳои матбуотӣ

Омилҳои зиёд ба иҷро нашудани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ боис гаштанд

№14 (3808) 01.02.2018

Муовни Гумрук (1)- Соли 2017 гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3758,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш 172,8 миллион доллари ИМА кам аст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 2774,4 миллион доллар ба воридот ва 983,8 миллион доллар ба содирот рост меояд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар.

Номбурда сабаби 4 фоиз кам шудани маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷиро нисбат ба соли 2016 идома ёфтани ноустувории вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъи сиёсӣ дар як қатор давлатҳои шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани истеҳсоли як қатор молҳо дар дохили ҷумҳурӣ арзёбӣ кард.

Аз гузориши Турсунзода Азим Ҳайдар маълум шуд, ки як қатор омилҳои дигар, аз ҷумла, фаъолияти мавсимии гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти транзити молҳо тавассути Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба вазъи ноороми ин кишвар ва гарон будани тарифҳои транзитӣ (махсусан тариқи роҳи оҳан) дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин тафовути меъёри андозбандӣ, ба иҷро нашудани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расониданд.

Соли гузашти 4262 қонуншикании гумрукӣ ошкор шудааст, ки аз он 92 ҳолат ҷиноят буда, аз он 56 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 7 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 29 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи гумрук марбут мебошад.

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа воридоти ғайриқонунии 768396 литр сӯзишворӣ, 2059 тонна ангишт, 436 тонна нуриҳои минералӣ, 37 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 387 тонна шакар, 54782 адад лампаҳои тафсон, 1125 қуттӣ нахӯди сабз, 139 тонна меваи тар, 72623 дона либос, 94 тонна хӯроки паранда, 720900 дона тухми мурғ, 264 дона техникаи маишӣ ва ғайра ошкор гардид.

Дар натиҷаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ 1299 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор ва аз ин ҳисоб 71,5 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»