Аз нишастҳои матбуотӣ

Орд чаро қимат шуд?

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

DSC_4551Дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки бисту нуҳуми январи соли равон баргузор шуд, рӯзноманигорон бештар ба баландшавии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла, орд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Сардори хадамоти мазкур Абдумаҷид Муминзода иттилоъ дод, ки соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ 85,8 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 245 доллари ИМА барои як тонна, ворид гардид. Иштирокчиёни бозори воридоти маҳсулоти мазкур 54 субъекти хоҷагидор мебошанд, ки  27 дарсади он ба ҶДММ «Тоҷагро», 19,7 — ба ҶДММ «Даврон И» ва 35 дарсад ба дигар субъектҳо рост меояд. Воридоти ғалла дар ин давра 1090,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

- Вобаста ба ин дар якчанд корхонаи коркарди гандум санҷиши ғайринақшавӣ гузаронида шуд. Маълум гардид, ки корхонаҳои мазкур зимни тартиб додани нархнома ва дар заминаи он муқаррар намудани нархи маҳсулоти аз гандум истеҳсолгардида ба хато роҳ додаанд. Илова бар ин, маҳсулоти истеҳсолгардидаро аз нархи расман муқаррарнамудаи худ баланд ба фурӯш баровардаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ мебошад. Фарқи ошкоргардида  1 227 355,14 сомонӣ даромади беасос арзёбӣ гардид ва ҷиҳати ба буҷети давлатӣ гузаронидани он амрнома ирсол шуд,- изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, корхонаҳои коркарди гандум аз имтиёзҳои муайяннамудаи давлат, аз ҷумла, моратория, суиистифода намуда, ҳаҷми воқеии коркард ва даромад­ро пинҳон кардаанд.

Дар нишаст, ҳамчунин доир  ба дигар самтҳои фаъолияти хадамот маълумот дода шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»