Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкор гардидани 722 миллион сомонӣ андози пинҳонкарда

№21 (3971) 21.02.2019

Налог- Соли 2018 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъовариашон ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, 100,6 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 10 миллиарду 523,3 миллион сомонӣ ворид шуд, — изҳор дошт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, бақияи қарзи андоз то 1 январи соли 2019-ум 725,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пеш 45,4 миллион сомонӣ кам мебошад. Бо мақсади кам кардани бақияи қарз аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба 5018 андозсупоранда 6650 қарор доир ба маҷбуран ситонидани андоз ба маблағи 1 миллиард сомонӣ қабул гардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 944 миллион сомонӣ ворид шудааст. Тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ то 1 январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 315,8 ҳазор субъекти хоҷагидори амалкунанда мавҷуд мебошад, ки нисбат ба соли 2017- ум 14 580 адад зиёд аст.

- Соли 2018 тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти 1850 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкор мавриди санҷиш қарор гирифт ва ба маб­лағи 722 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид, — афзуд Нусратулло Давлатзода.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани санҷиш 4500 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудани шахсони воқеӣ, зиёда аз 3500 ҳолати бе шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб намудани коргарони кироя, 900 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба иҷора додани объектҳои молу мулки ғайриманқул ошкор шуда, 25 ҳазор нафар ба маблағи 208,7 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»