Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкор гардидани беш аз 334 миллион сомонӣ зарари молиявӣ

№95 (3889) 07.08.2018

Коорупсия (2)- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нимсолаи аввали соли 2018 дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилоти байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 665 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 334,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, — гуфт директори агентӣ Сулаймон Султонзода  1 августи соли равон зимни ­нишасти матуботӣ.

Ба гуфти Сулаймон Султонзода, дар давраи сипаришуда 1301 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор гардид, ки 404 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.

- Дар вазоратҳо ва сохторҳои зертобеи онҳо, аз ҷумла маориф ва илм 63 ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 66, нақлиёт — 2, кишоварзӣ — 5, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — 35, молия — 4, кумитаҳои давлатии заминсозӣ ва геодезӣ — 64, ҳифзи муҳити зист — 4, телевизион ва радио — 3, меъморӣ ва сохтмон — 11, ҷамъиятҳои саҳомӣ — 149, соҳибкорони инфиродӣ — 279, соҳаи бонкӣ — 176 ва дар дигар идораву корхонаҳо 142 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 188 ҷиноят содир намуданд, — иброз дошт директори агентӣ.

Қайд шуд, ки ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор 1516 дастури хаттӣ, 863 пешниҳод оид ба бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда ирсол гардид. Дар натиҷаи баррасии дастуру пешниҳодҳои мазкур нисбат ба 322 нафар огоҳӣ, 468 нафар сарзаниш, 330 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 102 нафар аз вазифаҳои ишғолнамуда озод карда шуданд.

Сулаймон Султонзода иттилоъ дод, ки ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, санҷишҳо гузаронида, 50 ҳолати вайрон намудани талабот ошкор карда шуд.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»