Нишастҳои матбуотӣ

Ошкор намудани 6958 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин

№86 (3723) 20.07.2017

DSC_0068-Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҷаббой Аҳмадзода 17 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки баҳисобгирии давлатии заминҳо, заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, барасмиятдарорӣ ва бақайд­гирӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад идома ёфт. Бино ба гуфти номбурда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва ғайра 3463 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти идораи замини кишвар 6958 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, дар 6315 ҳолат дастур дода, дар 5730 ҳолат ба маблағи 2 миллиону 212 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Дар зерсохтори Кумита 26019 Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»