Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкор намудани 86 ҳолати қонунвайронкунии замин

№98 (4048) 15.08.2019

DSC02510- Дар нимсолаи аввали соли 2019 қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100,1 фоиз ва қисми хароҷот 91 фоиз иҷро гардид. Аз нуҳ намуди андози маҳаллӣ як намуди он — андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 9 миллиону 811 ҳазор сомонӣ иҷро нашуд. Бақияпулиҳои қарзи андоз 11 миллиону 435 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба аввали сол 385 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Инчунин, кишоварзон, дар маҷмӯъ, ба маб­лағи 185 миллиону 965 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 288 ҳазор сомонӣ зиёд аст ва суръати афзоиш 5,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар  ҳама шакли хоҷагидорӣ аз майдони 17349 гектар 16884 тонна ғалладона, 9448 тонна сабзавот, 9357 тонна картошка ва 2123 тонна мева ҷамъоварӣ гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (7 августи соли 2019) раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода.

Номбурда афзуд, ки бо мақсади назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории замин дар деҳоти «Симиганҷ», «Гулистон», «Ромит», «Баҳор», ба номи Абдулло Абдулвосиев ва шаҳраки Нуъмон Розиқ санҷиш гузаронида, 86 ҳолати қонунвайронкунӣ муайян карда шуд. Дар натиҷа, нисбат ба 78 ҳолати қонунвайронкунӣ ба маблағи 37,1 ҳазор сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 29 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд ва панҷ парванда ба суд, дуто барои баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратураи шаҳр ирсол гардид.

Ҳамчунин, дар нимсолаи аввали соли 2019 барои дағалона вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 110 падару модар ба маблағи 10470 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид ва ҷамъ 334 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 19 адад зиёд аст.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»