Ошкоршавии 13824 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

заминРаиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода 31 январи соли равон зимни нишас­ти матбуотӣ гуфт, ки дар кишвар 27278 гектар замини партов мавҷуд аст, ки солҳои тӯлонӣ аз истифода берун мондаанд. Аз ин рақам 22740 гектари он замини обӣ аст.

- Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» мавриди амал қарор дорад. Дар натиҷаи тадбирандешӣ масоҳати чунин заминҳо нисбат ба як соли пеш 5223 гектар кам шуд, ки 4082 гектари он обӣ мебошад, — зикр кард номбурда.

Дар давраи мавриди назар аз ҷониби мутахассисони кумита 13824 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани онҳо дастур дода шуд. Нисбат ба 12128 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ашхоси гунаҳкор ҷарима шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»