Аз нишасти матбуотӣ

Ошкоршавии ҷиноятҳо беҳтар шудааст

№105 (3585) 09.08.2016

DSC_1443Дар нимаи аввали соли 2016 дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3102 санҷиш гузаронида, бо натиҷаи онҳо 31 561 санади эътиноӣ татбиқ, 12200 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 1672 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Аз ҷумла, вобаста ба риояи қонунгузории замин 1309 санади эътиноӣ бароварда, 2172 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида, 556 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 7269 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Дар рафти санҷишҳои ҳолати қонунгузорӣ дар бораи назорати асъор 104 парвандаи ҷиноятӣ ва 321 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

Аз тарафи мақомоти прокуратура дар ин давра 276,4 млн. сомонӣ зарари молиявии аз амалҳои ҷиноятӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо расонидашуда барқарор гардидааст, ки 166,4 млн. сомонии он ба манфиати давлат мебошад.

Вобаста ба риояи қонунгузорӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд 436 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда, 206 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 1648 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудааст.

Аз ҷониби ноболиғон дар ин давра 410 ҷиноят содир гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҷиноят ё 3 фоиз кам мебошад.

Дар ҷумҳурӣ ҷамъ 12 519 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо 87,3 фоизро ташкил медиҳад. Кормандони прокуратура 3 933 ё 31,5 фоизи ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташударо ошкор намудаанд.

Муфаттишони прокуратура бо анҷоми тафтиши пешакӣ 1972 парвандаро ба суд ирсол кардаанд.

Прокуророн дар баррасии судии 5004 парвандаи ҷиноятӣ ва 2944 парвандаи гражданию иқтисодӣ иштирок карда, ба судҳо 470 даъво ба маблағи зиёда аз 260 млн. сомонӣ пешниҳод намудаанд.

Дар ин хусус Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзод Раҳмон Юсуф дар нишасти матбуотӣ, ки 4 август доир гашт, гузориш дод.

 Аъзам Мӯсоев, «Садои мардум»