Аз нишастҳои матбуотӣ

Пардохтпазирии «Амонатбонк» дар сатҳи баланд аст

№90 (4196) 25.07.2020

DSC_6067Ду ҳазору ҳаштсад корманди БДА ҶТ «Амонатбонк» ба 22 ҳазор корхонаю ташкилот,  743 ҳазор нафар нафақагир,  1,6 млн. пасандозгузор  хизмат мерасонанд.  Раиси Раёсати бонк Сироҷиддин Икромӣ  фаъолияти бонкро бо далелҳои муътамад шарҳу тавзеҳ дода, минҷумла гуфт, ки  дороиҳои бонк 4,2 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳо 3,8 млрд. сомониро ташкил медиҳанд. Инчунин, пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд қарор дошта, маблағ сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуд.

Шаш фоиз афзудани сармоя  ва ба 444,6 млн. сомонӣ баробар шудан дастоварди дигари роҳбарият ва кормандони ин сохторҳои молиявӣ маҳсуб мешавад. Раиси раёсат, аз он ки даромади софи бонк  23,9 млн. сомониро ташкил намуда, дар қиёс ба  ҳамин давраи соли  гузашта   17,5 фоиз   зиёд шудааст, қаноатманд аст.

Баҳри  истифодаи технологияи қабули андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои хизматрасонии  филиалҳои «Амонатбонк» барномаи «Қабули пардохтҳо» фаъол аст.

Фаъолияти «Амонатбонк» дар самти дарёфти сарчашмаҳо барои пешниҳоди  қарзӣ рӯз аз рӯз васеъ гардида, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 3,2 млрд. сомониро ташкил дод. Ҷоиз ба зикр аст, ки бонк аз рӯи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз пешсафон аст. Далели дигари ҷолиб  дар ин давра ба аҳолӣ пардохт шудани 39,7 млн. сомонӣ ба сифати фоизи пасандоз мебошад.      Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида,   дар ин замина  69,5 млн. доллари ИМА ҷалб гардид.

Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки роҳбарияти «Амонатбонк» баҳри зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  фаъоланд.

Дар робита ба ин, меъёри фоизи қарзҳои овердрафтӣ, гумрукӣ ва қарз ба соҳаи саноат бо пули миллӣ ва қарзҳои бо асъори хориҷӣ пешниҳодшаванда, 2 банди фоизӣ паст карда шуд.

Сандуқи қарзии бонк 691,2 млн. сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия 32 411 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин ба соҳаҳои саноат 14 фоиз, кишоварзӣ  — 24, истеъмолӣ — 16, сохтмон — 7,4, тиҷорат — 27,1,  нақлиёт — 8,4 ва хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 3,1 фоиз  рост меояд.

Баҳри тавсеаи пардохти ғайринақдӣ низ корҳои зиёд ба сомон расида, шумораи дорандагони кортҳои  пардохтӣ  ба 1 миллиону 505 ҳазор нафар, теъдоди банкоматҳо 284 ва постерминалҳо 1739 -торо ташкил медиҳад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»