Нишасти матуотӣ

Парки технологӣ барои ҷалби донишҷўёни соҳибзавқ шароити хуб муҳайё намудааст

№ 19.07.2016

Tajik_Technical_UniversityДонишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ пурра ба шакли дузинагии таҳсилот ва низоми кредитии таълим гузаштааст. Роҳбарият ва устодони донишгоҳ кўшиш намуда истодаанд, ки ба фазои ягонаи таҳсилоти минтақавию ҷаҳонии таълим ворид шуда, омодакунии мутахассионро тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ба роҳ монанд. Ректори донишгоҳ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода зимни нишасти матбуотӣ, рўзи 13 июли соли 2016 изҳор намуд, ки алҳол дар 7 факултет аз рўйи 63 ихтисос мутахассисони дараҷаи бакалавр ва магистр тайёр карда мешаванд.

- Олимони донишгоҳ кўшиш намуда истодаанд, ки корҳои таҳқиқотиашонро ба талаботи имрўзаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ наздик намуда, барои беҳтар кардани сатҳу сифати омодакунии мутахассион дар донишгоҳ мусоидат намоянд, — гуфт ректори донишгоҳ ва идома бахшид: – Парки технологии донишгоҳ пайвандгари илму истеҳсолот буда, барои ҷалби донишҷўёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ шароити хуб муҳайё намудааст. Дар 6 моҳи соли равон 133 мақолаю хулосаи корҳои илмӣ- методии омўзгорони донишгоҳ ба табъ расид.

Алҳол дар донишгоҳ 79 нафар донишҷўёни хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки бештар аз Афғонистон, Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд.

Дар донишгоҳ факултети муштараки муҳандисию техникии Тоҷикистон – Беларус фаъолият дорад, ки алҳол дар он 372 нафар донишҷў таҳсил мекунад. Имсол 128 нафар донишҷўи факултети мазкур курси дуюмро хатм намуд, ки қисми зиёдашон барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи миллии техникии Беларус мераванд.

- Соли равон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 60 –сола мешавад. — Аз ин рў, мо тасмим гирифтем, ки дар баробари ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи мазкурро низ бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирем, — гуфт Ҳ. Одиназода.

С.СУННАТӢ«Садои мардум»