Пастшавии нархи истифодаи интернет дар назар аст

№13 (3963) 02.02.2019

DSC_3921Нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 28 январи соли равон баргузор гардид, муовини якуми сардори он Илҳомҷон Атоев оғоз намуд. Сипас, муовини сардори хадамот А. Абдураҳмонзода оид ба фаъолият дар соли 2018 ҳисобот дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки даромади умумии корхонаҳо якҷо бо операторон ва провайдерҳо ба 2 миллиарду 613 миллион сомонӣ расид. Ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа ба аҳолӣ 1933,22 млн. сомониро ташкил дода, теъдоди муштариёни имтиёздор 12617 нафарро ташкил медиҳад.

- Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ айни ҳол 6491624 нафарро ташкил дода, 4585036 нафар аз онҳо фаъол мебошанд, — зикр намуд А. Абдураҳмонзода. Шумораи умумии истифодабарандагони интернет ба 2,7 млн. нафар расидааст.

Инчунин, қайд гардид, ки ба ҳар 100 нафар аҳолии ҷумҳурӣ 4,2 адад дастгоҳи телефонии собит ва 51,3 адад дастгоҳи телефонии мобилӣ рост меояд.

Соли 2018 аз ҷониби ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 196,8 млн. сомонӣ хизмат расонида шуда, даромади КВД «Поч­таи тоҷик» нисбат ба соли 2017 — ум 2,8 млн. сомонӣ зиёд гардид.

Зимни пурсишу посух, инчунин, қайд карда шуд, ки моҳи марти соли равон пастшавии нархи истифодаи интернет дар назар аст.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»