Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ҳосили картошкаро ба 600 ҳазор тонна мерасонем»

№91 (4196) 28.07.2020

647A5091Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 24 июл зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки бо вуҷуди вазъияти баамаломада — паҳншавии бемории сироятии COVID-19 меҳнаткашони вилоят ба ҷуз нақшаи ҷамъоварии андоз дигар нишондиҳандаҳои истеҳсолиро хуб иҷро карданд.

То якуми июли соли равон қисми даромади буҷети вилоят ба 807,3 млн. сомонӣ баробар шуд, ки 98,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар соҳаи саноат, якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ, ба маблағи 6576,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 114,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ афзоиш ёфт.

Зикр гардид, ки истеҳсоли маҳсулот дар нимсолаи аввал 2114,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5% зиёд мебошад.

- Дар нимсолаи якуми соли равон дар вилоят 28,6 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд. Ният дорем, ки ҳосилро ба 600 ҳазор тонна расонем, — гуфт раиси вилоят.

Номбурда бо нигаронӣ изҳор намуд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳо бобати афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, воридот дар қиёс ба содирот бештар аст. Ҳоло ҳаҷми содироти маҳсулот дар вилоят 35 ва воридот 65 фоизро ташкил медиҳад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»