Аз нишастҳои матбуотӣ

Раиси вилояти Хатлон журналистонро ба ҳамкорӣ даъват намуд

№93 (4043) 01.08.2019

ХатлонРаиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти матбуотӣ, ки 26-уми июли соли 2019 баргузор гардид, иброз намуд, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавӣ дар шаш моҳи соли равон ба 7 миллиарду 938,5 миллион сомонӣ расид ва суръати афзоиш 7,7 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 345 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси вилоят гуфт, ки нақшаи андозҳо бо дарназар­дошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 102,6 фоиз таъмин ва ба буҷет 705,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Гардиши савдо ба 2 миллиарду 866,8 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 702,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Гардиши савдои хориҷӣ дар шаш моҳи соли равон ба 175,8 миллион доллари америкоӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 630,2 ҳазор доллари америкоӣ зиёд мебошад.

Ҳоло 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва маблағи азхудгардида 452,7 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Бонкҳои вилоят дар ин муддат ба соҳаҳои иқтисод 645,4 миллион сомонӣ қарз ҷудо намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида 93,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Инчунин, дар шаш моҳи соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 4 миллиарду 736,7 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 437,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба хориҷи кишвар 84041,8 тонна маҳсулот содирот шуд, ки 101,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Рӯзноманигорон ба суол­ҳо оид ба табдил ёфтани деҳқонбозор ба «деҳқон­безор», чакидани боми Осорхонаи миллии шаҳри Кӯлоб, ба ном фаъолият намудани коргоҳу корхонаҳои атласу адрасбофӣ, тақдири минбаъдаи корхонаи «Нуриҳои Осиё», иштирок накардани роҳбарони аввал дар нишастҳои матбуотӣ, кишти пахта, мушкилоти об, ҳолати роҳҳо, мушкилоти чорводорон, ғайриқонунӣ бунёд кардани иншооти гуногун дар роҳҳои чорвогузар, бунёди бинои бисёрошёна барои журналис­тони иҷоранишин ва ба нестӣ рафтани зоти гӯсфанди тоҷикӣ муроҷиат намуда, посухҳои қаноатманд гирифтанд ва даъвати раиси вилоятро дар бобати ҳамкорӣ бо қаноатмандӣ пазируфтанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»