Аз нишастҳои матбуотӣ

Рашт. Картошкапарварон қаноатманданд

№24 (4286) 23.02.2021

 Ниш рашт- Аз ҳисоби даромадҳо нақшаи воридоти андоз 108 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 22 млн. 747 ҳазор сомонӣ, 24 млн. 599,3 ҳазор сомонӣ дохил гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ.

Инчунин, зикр шуд, ки иҷрои уҳдадориҳои андозӣ 107 фоизи нақшаро ташкил дод, ки 2 млн. 19,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 3136 гектар расонида шуд, ки нисбат ба нақша 89 ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1027 гектар зиёд мебошад. Истеҳсоли картошка ба 63198 тонна расонида шуд, ки назар ба соли қаблӣ 17170 тонна зиёд мебошад. Картошкапарварон барои баҳор дар доираи имконоти мавҷуда тухмии хушсифат захира карданд. Онҳо ният доранд, ки масоҳати замини картошказорро соли равон васеъ намоянд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 458 млн. 882,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 6 млн. 492,9 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 101,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, дар мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти «Ҳоит» дар масофаи 2,5 км қубур хобонда шуд, ки маблағи кори ба анҷомрасида 285 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо дастгирии обистифодабарандагон таъмиру барқарорсозии каналҳои «Қаряшаҳр» 1 ва 2 дар масофаи 8 км «Ҳисорак» 1 ва 2 дар масофаи 33 км ва «Сари Шухон» дар масофаи 7 км ба анҷом расид.

Марҳилаи якуми сохтмони канали «Мардумӣ» дар деҳоти «Қалъаи Сурх» идома дошта, дар сурати ба истифода супоридани он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад. Инчунин, бо ҷалби маблағи шарикони рушд канали «Камчароғ» дар деҳоти «Қалъаи Сурх», ки солиёни зиёд аз истифода берун монда буд, таъмир гардид.

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Коргоҳи мебелбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, хишти сементӣ, масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), макарон, хӯроки чорво, коркарди пашм, мева, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ аз ҳамин ҷумлаанд.

То ин вақт коргоҳҳои истеҳсоли мебел, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли хишти сементӣ, хишти пухта ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) ба фаъолият оғоз намуданд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»