Аз нишастҳои матбуотӣ

Рашт. Нашъунамои 1312 гектар картошказор табъи дил аст

№93 (4043) 01.08.2019

НИШ РАШТ- Дар шаш моҳи соли 2019 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия 171 миллиону 149,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 миллиону 833, 1 ҳазор сомонӣ ё 17,7 фоиз зиёд мебошад, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси ­ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ зимни нишас­ти матбуотӣ.

Ӯ афзуд, ки дар ноҳия 2894 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамояд. Боғдорон дар шаш моҳи сипаригардида дар масоҳати 73 гектар боғҳои нав бунёд ва 213 гектар боғи куҳнаро аз нав эҳё карданд.

Картошкапарварон дар майдони 1312 гектар картошка кишт намуданд, ки хуб нашъунамо дорад.

Ният дорем, ки ҳар сол майдони кишти картошкаро аз ҳисоби ба истифода додани заминҳои бекорхобида зиёд намоем. Барои ин таъмири каналҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ зарур аст. Ҳоло таъмири каналҳо дар деҳоти «Қалъаи сурх» шурӯъ гардидааст. Агар сари вақт корро ба анҷом расонида тавонем, танҳо дар ҳамин деҳот метавонем сесад гектар замини навро обёрӣ намуда, ба ихтиёри кишоварзон диҳем. Таъмири канал дар водии Ясман метавонад беш аз 350 гектар замини бекорхобидаро шодоб гардонад. Дар мавзеи дашти Беоби деҳоти «Ҳоит» обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида, ки хеле тахту ҳамворанд, имконияти кушодани 500 гектар заминро фароҳам меорад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки соли оянда дар ноҳия чор канал ва чор пойгоҳи обкашӣ пурра ба истифода дода мешавад.

Бо мақсади таблиғи имконоти сайёҳӣ сомонаи ноҳия таҳия гардидааст, ки маводи иттилоотӣ тавассути он пайваста нашр мешавад. Дар баробари ин, таблиғи мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ, васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва муайян намудани имконоти сайёҳӣ бо қарори раиси ноҳия «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020» қабул гардид.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»