Аз нишастҳои матбуотӣ

Роғун. 42 ҳолати қонуншиканӣ дар истифодаи замин

№94 (4044) 03.08.2019

РОГУННақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Роғун дар шаш моҳи аввали соли 2019, бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 90,7 фоиз ва қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 86,4 фоиз иҷро гардид. Дар ин давра нақшаи андози иҷтимоӣ, ки 36,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, 36,5 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки 100,3 фоизро ташкил медиҳад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ (27 июл) раиси шаҳр Музаффар Сулаймонзода зикр кард.

Номбурда гуфт, ки асоси иҷрои буҷетро ҷамъоварии андоз ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои хоҷагидор ташкил менамояд. Ҳамин буд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳама намуди андозу даромад 94,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шуд, ки ба 90,5 фоизи нақша баробар аст. Дар нимсолаи аввали соли равон нақшаи ду намуди андоз – андоз аз даромад аз шахсони воқеӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ки дар маҷмӯъ 10 миллион сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби андозсупорандагони калон иҷро нашуд.

Инчунин, аз тарафи бонкҳои дар шаҳри Роғун фаъолиятдошта, дар маҷмӯъ, ба маблағи 95 миллиону 573 ҳазор сомонӣ хизматрасонии пулӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 миллиону 893,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Музаффар Сулаймонзода афзуд, ки заминҳои корами хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр, новобаста аз шакли моликият, 2336 гектарро ташкил медиҳад, ки 736 гектараш боғзор аст. Барои рушди соҳа 1059 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, чор хоҷагии ёрирасон, ду кооперативи истеҳсолӣ ва як хоҷагии давлатии ҷангал фаъолият менамоянд.

Қайд гардид, ки дар шаш моҳ аз тарафи Кумитаи идораи замини шаҳр 42 ҳолати қонуншиканӣ дар истифодаи замин ошкор ва нисбат ба 39 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 17 ҳазору 020 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»