Аз нишастҳои матбуотӣ

РОҒУН. Дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру шаҳраку деҳот 17 зан намояндагӣ мекунанд

№18 (3968) 14.02.2019

DSC01578Дар шаҳри Роғун нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли сипаригардида ба маб­лағи 41 миллиону 824 ҳазор сомонӣ ё 100,2 фоиз ва нақшаи қисми хароҷот дар ҳаҷми 39 миллиону 963 ҳазор сомонӣ ё 95,7 фоиз иҷро гардид. Ҷамъоварии намуди андоз аз даромадҳо ба ҷойи 196,7 миллион 202,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба 103 фоизи нақша баробар аст. Нақшаи андози иҷтимоӣ 69,4 миллион сомонӣ ё 115,4 фоиз иҷро гардидааст. Дар ин хусус раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ (4 феврал) маълумот дод.

- Соли гузашта аз тарафи филиали бонкҳои дар шаҳри Роғун фаъолият­дошта, дар маҷмӯъ, 127 миллиону 992,1 ҳазор сомонӣ хизматрасонии пулӣ ба иҷро расонида шуд, — гуфт ӯ.

Тибқи гузориши раиси шаҳр, соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 56 миллиону 660,5 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст. Кишоварзон 1493,3 тонна ғалла, 8,0 тонна зироатҳои равғандор, 2798 тонна картошка, 953 тонна мева, 1381 тонна сабзавот ва 9462 тонна хошоки дурушти чорво ҷамъоварӣ намудаанд. 37,85 гектар боғи нав бунёд ва 33,54 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шудаанд. Кумитаи идораи замини шаҳр 88 ҳолати вайрон кардани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар майдони 41,03 гектар ошкор намудааст ва қонуншиканон ба маблағи 31 ҳазору 600 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

- Айни замон дар Роғун 12905 нафар зан дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла, 166 нафар ба сифати роҳбар, дар мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 6 нафар ва дар Маҷлиси вакилони шаҳраку деҳот 11 нафар зан намояндагӣ мекунанд, — афзуд М. Сулаймонзода.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»