Аз нишастҳои матбуотӣ

Рушд накардани кинои тоҷик чӣ сабаб дорад?

№20 (4126) 13.02.2020

DSC_0094Панҷуми феврали соли равон нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор гардид.

Директори муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён синаморо санъати муҳим барои рушди тафаккури миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи олам номида, аз рушд накардани ин намуди санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афсӯс хӯрд.

- Сабаби рушд наёфтани соҳаи кинои тоҷик поймол намудани ҳуқуқҳои муаллиф ва ба фурӯш баровардани филмҳои тоҷикӣ дар фиттаҳо (дискҳо) бо роҳҳои ғайриқонунӣ мебошад, — гуфт номбурда.

Таъкид гардид, ки сабаби дигари рушд накардани синамои ватанӣ фарогири як мавзӯъ будани муҳтавои филмҳо мебошад. Барои рушди синамои ватанӣ ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ, пешниҳоди филмномаҳои баландғоя, наворбардории филмҳои баландмазмун, бунёди кинотолорҳои замонавӣ, назорати маводи аудиовизуалӣ муҳим арзёбӣ шуд.

Маҳмадсаид Шоҳиён иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо Сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии «Бохтар» аз 25 ноябр то 1 декабри соли 2019 Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар сатҳи баланд доир гардид.

Зикр шуд, ки барои таҳияву наворбардории филми мустанад бахшида ба 5500 — солагии Саразми бостонӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омодагӣ ҷиддӣ гирифта шудааст.

Роҳбарияти муассиса ният дорад, ки мутахассисони хориҷиро барои таҳияи филм­ҳои таърихӣ ҷалб намояд, зеро Тоҷикистон мамлакатест, ки тамоми шароиту талаботи филмофарӣ, аз ҷумла, симоҳои зебо, манзараҳои нодиру дилфиребро доро мебошад.

Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки барои тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои Чин, Беларус, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки баҳри рушди соҳаи синамо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»