Аз нишастҳои матбуотӣ

Рушди чорводорӣ ба ҳолати чарогоҳ рабт дорад

№96 - 97 (4202 - 4203) 11.08.2020

116602541_766875147415401_732841573679315617_n (1)- Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» тат­биқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-2» ва «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа», ки аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мешавад, муайян шудааст, — изҳор дошт директори он Абдулаҳад Хоҷазода 29 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, мақсади асосии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-2» мусоидат дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлоб тавассути идоракунии самараноки чарогоҳ ва чорводорӣ мебошад.

Бо мақсади истифодаи самаранок ва идоракунии чарогоҳ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», аз ҷониби мутахассисони марказ дар 197 деҳаи ноҳияҳои зерҳадаф ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ таъсис дода шуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани саломатию маҳсулнокии чорво, пешгирӣ аз таназзулёбии чарогоҳ ва беҳдошти муҳити зист дар доираи татбиқи лоиҳа дар 26 деҳа иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла, дар се деҳа пули чорвогузар ва дар 22 деҳа хати оби нӯшокии чорво мавриди истифода қарор гирифт.

Инчунин. ба хотири баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва бо усули табиӣ беҳтар намудани зоти чорвои аҳолӣ 1303 сар қӯчқори зоти «Ҳисорӣ», барои зимистонгузаронӣ ва дар ҳолати хуби репродуктивӣ нигоҳ доштани онҳо ба миқдори зарурӣ хӯроки консентратӣ таъмин шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 бо мақсади татбиқи зерлоиҳаҳои «Беҳтаркунии зоти чорвои калони шохдор» ба ноҳияи Фархор 76 сар буқаи зотӣ дастрас гардид.

Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Деваштич, Шаҳрис­тон, Рашт ва Тоҷикобод бо ҷалби 46 ҳазору 982 хонавода татбиқ мешавад.

- Аз тарафи марказ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ва даромаднокии хонаводаҳо аз ҳисоби истеҳсоли асали тоза, дар ноҳияи Тоҷикобод ба 60 хонавода, Рашт — 130 ва шаҳри Норак ба 90 хонавода, 560 оилаи занбӯри асал ва таҷҳизоти дигари лозимӣ дастрас шуд, — гуфт Абдулаҳад Хоҷазода.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»