Аз нишастҳои матбуотӣ

Рушди кишоварзӣ дар Турсунзода назаррас аст

№22 (4284) 18.02.2021

АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ Раиси ш. ТУРСУНЗОДА12-уми феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки зимни он раиси шаҳр Парвиз Акрамзода дар бораи фаъолияти яксолаи он маълумот дода, аз ҷумла, чунин гуфт:

- Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, тибқи нақша дар шаҳр бояд 382 иншоот, аз ҷумла, 29 шифохонаю бунгоҳи тиббӣ, 41 толору майдончаи варзишӣ, корҳои навсозӣ ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, 21 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 18 кошонаи ҳусн ва сартарошхона ва 242 иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва ба истифода дода шаванд. Ба гуфти П. Акрамзода, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфта, дар корхонаҳои саноатии шаҳр 870,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Маҳсулоти тавлиднамудаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» соли гузашта 379,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Зироаткорони шаҳр дар майдони 14433 гектар ғалладона, сабзавот — 2961, картошка — 827, пахта — 1187, зағир — 496, хӯроки чорво — 1126, полезӣ – 147 гектар кишт гузарониданд. Дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 764 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»