Аз нишастҳои матбуотӣ

Саид Нуриддин Саид: «Ду шабакаи телевизионии нав ба наздикӣ ба фаъолият оғоз мекунанд»

№90 (4196) 25.07.2020

Nuriddin-Said-1-730x480- Дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи телевизион ва радио ба дастовардҳои бузург ноил гардид, — таъкид кард раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ, ки 22 июл баргузор шуд.

Алҳол теъдоди шабакаҳои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҷумҳурӣ ба 95 адад расидааст. Аз ин теъдод 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 35 телевизиони хусусӣ, 23 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошад. Дар кумита 25 сохтор бо 3507 басти корӣ фаъолият дорад. Аз шумораи умумии кормандон 1780 нафар маълумоти олии касбӣ, 624 кас маълумоти миёнаи касбӣ ва боқимонда маълумоти олии нопурра ва миёнаи умумӣ доранд.

Дар ин давра Низомнома ва нақшаи кории Мушовараи Кумита таҳия ва тасдиқ гардида, Низомномаи Кумита дар таҳрири нав ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» пас аз гирифтани хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ирсол шуд. Ҳамчунин, дар даҳ шаҳру ноҳия, аз ҷумла, Роғун, Лахш, Рӯшон, Ёвон, Дарвоз, Ишкошим, Рошт­қалъа, Мурғоб, Темурмалик ва Исфара фиристандаҳои пуриқтидори рақамӣ насб шуд.

Дар самти баланд бардоштани савияи дониш ва тахассуси кормандони соҳа низ корҳо идома доранд. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии  «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба 64 корманди ВАО, аз ҷумла, 48 намояндаи шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ шаҳодатнома супорида шуд.

Саид Нуриддин Саид, инчунин, иброз намуд, ки ба қарибӣ шабакаҳои телевизионии нави «Табиат ва илм» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият оғоз мекунанд.

ВОРИС,

«Садои мардум»