Нишастҳои матбуотӣ

Саксавулзор то андозае монеи хокбориш мегардад

№91 (3728) 29.07.2017

Агентии чангал (1)Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода дар нишасти матбуотӣ 25 июли соли равон иброз дошт, ки дар шоҳроҳҳои мамлакат ва талу теппаҳои атрофи онҳо 35515 бех ниҳоли писта, шулаш, зардолу, бодом, сӯзанбарг, ақоқиё ва дигар намуд дарахтони сояафкану  ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда шуд.  Бо маблағгузории Бонки рушди Олмон (KFW) дар доираи татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути ҷангалпарварии устувор дар ҳавзаҳои муҳими обҷамъкунии дарёҳо дар Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Фархор, Ховалинг ва ВМКБ дар масоҳати 688 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид.

- То оғози соли равон дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ 3222 оилаи занбӯри асал мавҷуд буд. Бинобар сард омадани фасли зимистон теъдоди онҳо ба 3011 расид. Барои барқарор намудани оилаҳои талафёфта кӯшиш хоҳем кард, — гуфт Азизулло Исматзода.

Директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал Нуралӣ Ҳусайнов оид ба афзудани хокбориш иброз дошт, ки пайдоиши тӯфонҳои серчангу хок асосан дар мавзеъҳои биёбонии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон сурат мегирад. Ҳар сол дар даштҳои бе гиёҳи ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дар ҳазорон гектар  саксавул кишт  мекунанд. Сол то сол зиёд шудани саксавулзор метавонад то андозае  ба ҳаво бархостани  чангу ғуборро камтар кунад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»