Аз нишастҳои матбуотӣ

Самараи тағйирот ба Кодекси андоз — 30 сабукӣ ва имтиёз

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_4269- Дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва пешгирии санҷишҳои беасос Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз 27 банди қонуни мазкур дар 19 банд зиёда аз 30 сабукӣ ва имтиёз пешбинӣ гардидааст, — зикр кард раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ҳаштуми феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, пас аз қабули қонуни мазкур истеҳсол ва фурӯши либоси ягонаи мактабӣ ва томактабӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, корхонаҳои парандапарварӣ ва истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз молу мулки ғайриманқул ба муҳлати 6 сол озод карда мешаванд. Номбурда, ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2017 ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 102,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 9 миллиарду 318 миллион сомонӣ ба буҷет 9 миллиарду 575,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Бақияи қарзи андоз то якуми январи соли равон 768,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як соли пеш 91,9 миллион сомонӣ кам мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи Феҳристи ягонаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ 301298 субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки аз он 30842 шахси ҳуқуқӣ, 363 филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ  ва 270093 соҳибкори инфиродӣ мебошад.

Шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда нисбат ба аввали соли 2017-ум 12 614 адад зиёд гардидааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»