Аз нишастҳои матбуотӣ

Санъат РАҲИМ: «Аксар корхонаҳо талаботи қонунгузориро риоя намекунанд»

№15 (3965) 07.02.2019

Кухкори (1)- Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2140 корхона ва 9857 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар корхона ва иншооти бақайд­гирифташуда 401 назорати техникӣ анҷом дода шуд, ки 371-тои он ғайринақшавӣ буд. Дар натиҷа, нозирон 1366 банди вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд, — изҳор дошт сардори хадамот Санъат Раҳим чоруми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба соли 2017-ум 817 адад кам шудааст. Барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъули корхонаву ташкилот 206 нишондод пешниҳод гардидааст, ки аз он 44 нишондод доир ба боздошти кор мебошад.

Санъат Раҳим иттилоъ дод, ки 287 шахси масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда ба маблағи 467900 сомонӣ ҷарима гардиданд.

- Инчунин, 31 ҳодисаи нохуш ва 2 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа, 20 нафар ҳалок ва 20 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, — гуфт ӯ.

Санъат Раҳим аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар фаъолияти аксар корхонаҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисон, риоя накардани талаботи дас­турамалҳои соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоот ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон, инчунин, дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагузоштани иншоот, ошкор карда шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»