Аз нишастҳои матбуотӣ

Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ кам гардид

№23 (4285) 20.02.2021

Сармоягузор (8)Новобаста ба пандемия соли сипаришуда ба соҳаи  сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ 10,4 миллион доллар сармоягузорӣ шуд. Дар ин хусус раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саъдӣ Қодирзода 16 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

- Лоиҳаҳои сармоягузории давлатии  амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 адад ва  маблағи умумиашон қариб 40 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Онҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ,  ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, экология, ҳолатҳои  фавқулода, обёрӣ ва дигар соҳаҳо  мавриди амал қарор доранд, — гуфт Саъдӣ Қодирзода.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва рушди соҳибкории хурду миёна бахш ва шуъбаҳои Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки  санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10000 ҳолат кам гардидааст.

Соли сипаришуда аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи  моликияти давлатии ҷумҳуриявӣ ба буҷети давлатӣ 63 миллион сомонӣ ворид шуда, ин рақам дар муқоиса  бо соли 2019-ум 2,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Кумита  тасмим дорад, ки дар нимсолаи якуми соли равон бо доираҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Корея, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия аз тариқи фосилавӣ (онлайн) форуму вохӯрӣ доир намояд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»