Аз нишастҳои матбуотӣ

Саридораи геология бо 30 ширкат қарордод баст

№83 (3720) 13.07.2017

ГеологияАз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ аз рӯи 34 лоиҳа ба маблағи 5 923102 сомонӣ корҳо анҷом ёфтанд. Ба ғайр аз ин, корҳои шартномавӣ аз рӯи  71 лоиҳа ба маблағи 5 471 667 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи  109 420 сомонӣ   бо сифати баланд иҷро гардиданд.

- Дигар нишондиҳандаҳои дар ин давра бадаст-  омада низ назаррасанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Мурод Хол.

Саҳми соҳаи геология дар рушди иқтисодиёти миллӣ, фаъолияти иктишофӣ-геологӣ ва омӯзишӣ  аз масъалаҳои меҳварии нишаст буд. Зикр гардид, ки дар шаш моҳ  пармакунии чоҳҳо дар 4602 метр анҷом ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  292 метр зиёд аст.

Инчунин, бо 30 ширкат барои истифодабарии қаъри замин қарордод баста  шуд. Дар Шӯрои илмӣ-техникии саридора 6 лоиҳаи омӯзиши геологӣ, 14 ҳисоботи геологӣ ва 9 ҳисоботи иттилоотӣ баррасӣ шуда, аз ҷониби  Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 ҳисобот тасдиқ шуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»